Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Оё дар ғайбати ҳазрати Маҳдӣ (а) пардохти хумс воҷиб аст? Чигуна бояд хумсро ба дасти ҳазрати Маҳдӣ (а) бирасонем?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Ниме аз хумс барои ятимон, мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ аст ва пардохти он ба онон ишколе надорад, вале нимӣ дигар аз хумс барои Маҳдӣ аст ва пардохтанаш ба ӯ воҷиб шумурда мешавад ва бо ин васф, касе ки онро ба ӯ намепардозад гуноҳкор аст, агарчи дар замони ғайбати ӯ бошад; Чароки ғайбати ӯ ношӣ аз иқдом ва тасбиби мардум аст ва бо ин васф, узре барои онон дар адами пардохти хумс ба ӯ шумурда намешавад; Магар касоне аз онон ки ба заминасозӣ барои зуҳури ӯ қиём кардаанд; Чароки чунин касоне дар адами пардохти хумс ба ӯ гуноҳкор нестанд ва ривоёти мутавотире ки дар бораи бахшудагии хумс ба пайравони халифаи Худованд расида, нозир ба онон аст[1] ва онон касоне ҳастанд ки ба заминасози зуҳури Маҳдӣ мепайванданд ва ёрӣ мерасонанд, балки саҳми Маҳдӣ аз хумсро ба ӯ мепардозанд то дар роҳи заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазрат ҳазина кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар дар ин замон ба он Ҳазрат мепардохтанд низ мусалламан дар роҳи заминасозӣ барои зуҳури худ ҳазина мекард ва бо ин васф, баъид нест ки пардохтани хумс ба ғайри он бузургвор, монанди рехтани он ба дарё бошад.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Кофии Кулайнӣ, ҷ1, с408 ва 546; Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бубувей, ҷ2, с43; Ал-Истибсор Тувсӣ, ҷ2, с57 то 59; Таҳзибул Аҳком Тувсӣ, ҷ4, с136.