Сешанбе 7 Май 2024 мелодӣ / 28 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Адами имкони пайравӣ аз пешиниён

Пайравӣ аз се насли нахустини Исломӣ, асосе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире, қобили тавҷиҳ нест ва ин сарфи назар аз номумкин будани он дар воқеъ аст; Чароки се насли нахустини Исломӣ, афрод ва гурӯҳои мухталиф бо гуфтаҳо ва кардаҳои мутазод буданд, то ҳадде ки гуфтаҳо ва кардаҳои якдигарро нодуруст медонистанд ва бар сари онҳо, бо ҳам меҷангиданд. Рӯшан аст ки бо ин васф, пайравӣ аз онон мумкин нест; Чароки пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз онон, ба маънои адами пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ дигар аз онон аст ва ин коре мутаноқиз ва бемаъност; Фориғ аз онки ин пайравии гузинишӣ аз онон бидуни мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ ҷойиз нест ва ба ихтилоф миёни пасиниён меанҷомад, дар ҳоле ки бо мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ пайравӣ аз онон шумурда намешавад, балки дар воқеъ пайравӣ аз ақл ва шаръ аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 52]

Тақлид аз олимон

Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи олимон аст; Чароки бештари мусалмонон, гуфта ва кардаи олимонро дар ҳукми шаръ мепиндоранд ва фарқӣ миёни он ду намешиносанд, дар ҳоле ки мусалламан шаръ, гуфта ва кардаи олимон нест, бал гуфта ва кардаи Худованд аст ки бо гуфта ва кардаи олимон, мулозимае надорад ва мутобиқати он ду бо ҳам, зотӣ нест; Чунонки адами мутобиқати бисёрӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои олимон бо шаръ, маълум аст... Ба илова, ихтилофи онон бо якдигар дар гуфтаҳо ва кардаҳошон, фоҳиш ва фаровон аст; Дар ҳоле ки ҳақ, мусалламан гуфта ё кардаи воҳиде аст ва қобилияти таъаддуд ва такассур надорад ва бо ин васф, пайравии онон, аз як сӯ мутаноқиз ва бемаъност ва аз сӯӣ дигар, ба ихтилофи мусалмонон меанҷомад; Ҳамчунонки ба он анҷомидааст; Чароки ихтилофи мусалмонон дар ақойид ва аъмалашон, беш аз ҳар чиз, маълули пайравӣ онон аз олимони мухталиф аст... Дар ҳоле ки пайравӣ аз онҳо, мубтанӣ бар занни пайравонашон ба мутобиқти гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст ки мусалламан барои пайравӣ аз онҳо, кофӣ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки илм ба мутобиқати чизе бо шаръ, барои эътиқод ё амали ба он, зарурӣ аст ва занн наметавонад мабнои ақида ва амали мусалмон вақеъ шавад. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 53-54]

Адами имкони тақлид аз олимон бар пояи тақлид аз онон

Бо ин ҳама, бисёрӣ аз мусалмонон, хусусан дар кишварҳоӣ монанди Эрон, Ироқ ва Лубнон ихтиёри марҷаъӣ аз онон барои тақлидро бар ҳар мусалмоне воҷиб мешуморанд ва амали бидуни онро ботил ва ғайри қобили қабул мепиндоранд; Дар ҳоле ки далили бештари онҳо барои ин эътиқод, фатвоӣ олимонашон ба он аст ва ин ба маънои тақлиди онҳо бар пояи тақлид аст ки давраӣ ботил ва бемаъност; Чароки мусалламан тақлид, бар хилофи асли табиъӣ аст ва табъан бениёз аз далил нест ва далили он наметавонад мубтанӣ бар худаш бошад ва бо ин васф, чорае ҷуз иҷтиҳод дар тақлид нест, дар ҳоле ки онҳо навъан дар тақлиди худ муқаллиданд; Чароки барои он далиле аз шаръ ё ақл намешиносанд, магар таваҳҳуме ки барои бархишон падид омада мабнӣ бар инки тақлид аз олимон, аз боби руҷӯъи оқилон ба мутахассис аст, дар ҳоле ки ин таваҳҳум, аз воқеъият ба дур аст; Чароки мутахассис дар нигоҳи оқилон, баста ба мавзӯе ки дар бораи он ба ӯ руҷӯъ мекунанд, мутафовид аст ва дар нигоҳи онон, мутахассис дар дин касе аст ки руҷӯъ ба ӯ ононро ба яқин мерасонад, монанди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, на касе ки руҷӯъ ба ӯ танҳо муфиди занн аст, мононди муҷтаҳид; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар умури динӣ, бар хилофи умури урфӣ ва дунявӣ, яқин мавзуъият дорад ва зарурӣ аст, дар ҳоле ки руҷӯъ ба ғайри Худованд ва касе ки аз ҷониби Ӯ сухан мегӯяд, табъан муҷиби яқин намешавад ва бо ин васф, уқалоӣ нест. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 55-56]

Адами имкони иҷтиҳоди олимон бар пояи тақлиди онон

Инон мусалмоне ки даст аз тақлиди олимонашон бардошта ва ба манобеъи аслитари Ислом муроҷиъа кардаастро маломат мекунанд ки бо иҷозаи кадомин марҷаъи тақлид, тақлид дар Исломро тарк карда ва ба иҷтиҳод дар он рӯй овардааст; Чароки ба заъми онон, муҷтаҳид ҳангоме муҷози ба иҷтиҳод аст ки муҷтаҳиди дигар ба ҷавози иҷтиҳоди ӯ фатво дода бошад, дар ҳоле ки ин низ тасалсулӣ ботил ва сафсатаи ошкор аст; Зеро тақлид аз чунин касе мутавқифи бар тақлид аз касе хоҳад буд ки ба ҷавози тақлид аз ӯ фатво додааст, дар ҳоле ки тақлид аз он кас низ мутавақиф бар тақлиди аз касе хоҳад буд ки ба ҷавози тақлид аз ӯ фатво додааст ва ба ҳмин тартиб ки ҳаср намешавад ва амалӣ нест. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 56]

Адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ

Гурӯҳе аз онон дар кишварҳое монанди Эрон, дар бораи олимони худ ғулув мекунанд ва онҳоро гумоштагонӣ аз ҷониби Худо ва сарпарастоне монанди Паёмбар медонанд ва монанди Худо ва Паёмбар фармон мебаранд; Чунон яҳудиён ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ; «Олимон ва роҳибони худро Худовандгороне ҷуз Худованд гирифтанд»; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон мусалламан барои олимони худ намоз нагузориданд ва рӯза нагирифтанд, бал аз онҳо ба ҷои Худованд итоъат карданд ва ин ширке буд ки бар онон пӯшида буд. Дар ҳоле ки мусалламан олимони мусалмон, ҳар чанд солеҳ бошанд, аз гуфта ва кардаи нодуруст маъсум нестанд ва ин чизе аст ки худ ба он иқрор доранд ва бо ин васф, наметавонанд гумоштагони Худо ва сарпарастоне монанди Паёмбар бошанд; Чароки Худо ва Паёмбар, аз гуфта ва кардаи нодуруст маъсуманд ва рӯшан аст ки итоъат аз маъсум бо итоъат аз ғайри маъсум мунофот меёбад; Бо таваҷҷуҳ ба инки мухолифати гуфта ва кардаи ғайри маъсум бо гуфта ва кардаи маъсум, муҳтамал балки иҷмолан ҳатми аст ва бо ин васф, амр ба пайравӣ гуфта ва кардаи маъсум, мусталзими наҳй аз пайравии гуфта ва кардаи ғайри маъсум аст ва амри Худованд ба ҳарду, имкон надорад ва табъан нисбат додани чунин амре ба Ӯ, ҳар чанд бо такия бар ривоётӣ воҳид ва заннӣ, ифтирое бар Ӯ шумурда мешавад ки гуноҳӣ бас бузург аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 56-57]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз разоъили ахлоқи барҳазар медорад.

Туро суфориш мекунам ба тарс аз Худо дар пинҳониву ошкор ва инки Ӯро бисёр ёд кунӣ; Чароки бисёр ёд кардани Ӯ сипарӣ пос доранда дар баробари гуноҳон аст ва туро суфориш мекунам ба шинохти дин ва огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми он; Чароки ноогоҳӣ аз ақойиди он заминаи гумроҳӣ ва ноогоҳӣ аз аҳкоми он заминаи гуноҳкорӣ аст ва ҳар кас бо дин ошнотар аст ба иқомаи он тавонотар аст ва туро суфориш мекунам ба ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз касоне ки Худованд ононро бар ту гумоштааст; Чароки ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз онон мояи ободнии дунё ва охират ва хайру салоҳи мусалмонон аст ва туро суфориш мекунам ба инки салиқаи худро монанди ақидаи худ надонӣ ва раъйи худро ҷузъӣ аз дини худ напиндорӣ... [Номаи сездаҳум]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз разоъили ахлоқи барҳазар медорад.

Зинҳор аз касоне набош ки аз худ розӣ ва аз дигарон норозӣ ҳастанд; Чароки онон дӯст дошта намешаванд ва аз касоне набош ки худро бартар аз дигарон меингоранд; Зеро Худованд ба касоне ки бартар аз дигаронанд огоҳтар аст. Ҳамвора монанди хок фурутан бош ва монанди санг сарсахтӣ накун; Зеро хок ба сабаби фурутании худ баракат ёфт, дар ҳоле ки санг ба сабаби сарсахтии худ нафрин шуд. Ҳангоме ки лағзише аз ту сар мезанад ба таъвили он накӯш; Чароки таъвили он, худ лағзишӣ дигар аст, балки ба он эътироф кун то омӯрзида шавӣ; Чароки Худованд эътироф кунандагонро меомӯрзад ва таъвил кунандагонро дурӯғгӯ мешуморад. Аз насиҳати носиеҳон ҳар чанд сахт намояд хурсанд бош ва аз тамаллуқи чоплусон барҳазар; Зеро насиҳати носеҳ монанди абрӣ тира ва ғавғогар аст ки аз он мойеъи ҳаёт меборад, дар ҳоле ки тамаллуқи чоплус монанди заҳрӣ кушанда омехта бо шаҳдӣ ширин аст... Пас илм ва амали худро афзун кун ва бидон касе аз шумо ёри Маҳдӣ шумурда намешавад то он гоҳ ки олимтарин ва оъмилтарини марди диёри худ бошад. [Номаи сездаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Ҳароина масали шумо дар зиндагии дунё масали кӯдаке будааст ки модари хешро дар анбӯҳи ҷамъият гум карда бошад, пас ба умеди даст ёфтан бар ӯ ба домони ҳар зане чанг мезанад ва муддате дар пайи ӯ равон мегардад, то он гоҳ ки аз ӯ бемеҳрӣ мебинад ва дар меёбар ки ӯ модар нест, пас шевонкунон ӯро во мегузорад ва ба домони дигарӣ меовезад, то он гоҳ ки торикии шаб ӯро фаро мегирад ва сармои он ӯро талаф мекунад, дар ҳоле ки ёрӣ кунандае барои ӯ нест! Ин будааст масали шумо дар зиндагии дунё ки ба умиди даст ёфтан бар адолат, ба ҳар ҳукумате дил бастаед ва муддате аз он пайравӣ кардаед, то он гоҳ ки аз он зулм дидаед ва дарёфтаед ки дар он адолат нест, пас фарёдкунон онро бар андохтаед ва ба ҳукумати дигарӣ рӯй овардаед! Пас ин гуна, дар ҷустуҷӯӣ адолат, гоҳе ба шарқ майл кардаед ва гоҳе ба ғарб; Гоҳе ба чап давидаед ва гоҳе ба рост; Гоҳе ба Зайд рӯй овардаед ва гоҳе ба Амр; Гоҳе ба салтанат дил бастаед ва гоҳе ба ҷумҳврият! Дар ҳоле ки адолат, на дар шарқ будааст ва на дар ғарб; На дар чап будааст ва на дар рост; На дар Зайд будааст ва на дар Амр; На дар салтанант будааст ва на дар ҷумҳурият! Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст. [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст, аммо шумо аз раҳмати Ӯ ноумед ва аз Маҳдии Ӯ ғофил шудаед ва аз ин рӯ, ҳукумате ки Ӯ барои Маҳлияш хостаастро ба касоне супурдаед ки Ӯ ҳукумате барои онон нахостааст! Ту гӯйи ҳукумат, мероси падаронатон аст ки онро аз ҳар кас мехоҳед мегиред ва ба ҳар кас мехоҳед медиҳед ва гӯйи аз они Худованд нест ки фармудааст: ...«Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас мехоҳӣ медиҳӣ ва ҳукуматро аз ҳар кас мехоҳӣ мегири» Ва Ӯ онро ба Иброҳим дода ва аҳдӣ бо одилони зуррияаш сохта ва фармудааст: ...«Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте омӯрзид, пас чун онҳоро ба анҷом расонд, фармуд: Ман туро барои мардум имоме қарор диҳандаам, гуфт: Ва аз зуррияам? Фармуд: Аҳди ман ба золимон намерасад» Ва одилони зуррияи ӯ касоне ҳастанд ки Худованд хостааст ҳар нопокиро аз онон бизудояд ва ононро комилан пок гардонад ва онон дар китоби Худованд аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд Ва аз инҷо дониста мешавад ки Маҳдии Худованд, аз оли Иброҳим алайҳи салом ва аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва ҳар кас ҳокиме ҷуз ӯ ихтиёр кунад, ба гумроҳии дуре дучор шудааст. [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Шигифто ки мардуми ҳар замон дасти байъат бо касе додаанд ва ақди вилоят бо касе бастаанд ва надонистаанд ки ҳеҷ кас ҷуз касе ки Худованд ӯро барои ин кор ҳидоят карда ва тавоно сохтааст, аз ӯҳдаи он бар намеояд ва ҳаққи онро адо намекунад! Онон адолатро назди касоне ҷустаанд ки адолат назди онон набуда ва аз ҳокимони худ таваққуъи кореро доштаанд ки дар тавони онон набудааст! Чигуна адолат варзад касе ки қадри мардумро намедонад ва ҷои ононро намешиносад, бал қадри худро нашинохта ва аз ҷои худ берун аст?! Чигуна адолат варзад касе ки худ золим аст ва дар ҷои дигарӣ нишастааст ва чигуна ислоҳ кунад касе ки худ фосид аст ва ҷаҳонро ба фасод кашидааст?! [Номаи чаҳордаҳум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ҳароина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам», пас фармуд: Ҳароина замин аз халифае ки Худованд қарор диҳандаи ӯ бошад холӣ намемонад ва агар холӣ бимонад аҳли худро фурӯ мебарад ва ҳар кас бимирад дар ҳоле ки ин халифаро намешиносад, ба марги ҷоҳилият мурдааст. Сипас муддате сукут намуд то ҷойе ки ирода кардам аз назди ӯ бархезам, пас идома дод: Худованд аз ҳангоме ки инро фармуд, ҳамвора дар замин халифаеро қарор додааст ва агар мефармуд: «Қарор медиҳам» метавонист як қарор додан бошад, вале фармуд: «Қарор диҳандаам» ва қарор диҳанда касе аст ки қарор додан аз Ӯ истимрор меёбад ва ҳар халифае барои Худованд дар замин, ба чизе ки Худованд дар он халқ карда, ҳидоят ёфтааст то онро дар ҷойе ки Худованд мехоҳад қарор диҳад ва ҳар кас ба Маҳдии замонаш роҳ пайдо накунад, ҳароина ба гумроҳии дуре дучор шудааст. [Фақараи 1 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Марде дар ҳоле ки ман ҳозир будам аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсид ки мефармояд: «Ҳароина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам»; Пас фармуд: Худованд аз замоне ки ваъда дод, ҳамвора дар замин халифаеро қарор додааст, хоҳ ошкор ва машҳур буда бошад ва хоҳ тарсон ва гумном ва ҳароина Худованд ваъдаашро хилоф намекунад. Мард гуфт: Онҳо дар Ироқ халифаеро қарор додаанд ва эътиқоде ҷуз ин надоранд ки ӯ халифа аст! Фармуд: Душманони Худованд дурӯғ мегӯянд! Худованд ба онҳо нафармуд ки шумо дар замин халифаеро қарор диҳандаед, балки фармуд «Ман қарор диҳандаам», пас агар онҳо дар он халифае қарор диҳанд ҷуз халифае ки Худованд дар он қарор додааст, ҳароина бо ин кор мушрик мешаванд. Мард гуфт: Ин халифае ки Худованд дар он қарор дода, кист? Фармуд: Марде аз насли Фотима ки ба ӯ Маҳдӣ гуфта мешавад. [Фақараи 2 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: «Муназзаҳ аст Парвардигорамон, бегумон ваъдаи Парвардигорамон амалӣ шуд», ваъда дод ки дар замин халифаеро қарор медиҳад, гуфтам: Онҳо инкор мекунанд ки барои Худованд дар замин халифае бошад! Фармуд: Ӯ дар он аст агарчи ҳамаи касоне ки дар заминанд инкораш кунанд, сипас фармуд: Ман хабар дода шудаам ки онҳо дар замин халифае аз аҳли Ироқ қарор доданд[4], гуфтам: Оре ва барои ӯ хунҳо рехтанд, фармуд: Ӯ халифаи касоне аст ки ситам карданд ва халифаи Худованд ҳамоно Маҳдӣ аст. [Фақараи 3 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки фармудааст: «Ҳароина ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам», пас гуфтам: Онҳо мегӯянд ки манзураш аз халифа танҳо Одам алайҳи салом буда ва пас аз ӯ халифае дар замин қарор надодааст, фармуд: Дурӯғ мегӯянд, пас чи касе ба Доввуд алайҳи салом фармудааст: «Мо туро халифае дар замин қарор додем, пас миёни мардум ба ҳақ ҳукм кун ва аз ҳавои худ пайравӣ накун»?! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки он дар умматҳои гузашта буда ва дар ин уммат халифае монанди Одам ва Доввуд алайҳимо салом қарор надодааст, фармуд: Дурӯғ мегӯянд, пас чи касе ба ин уммат фармудааст: «Худованд ба касоне аз шумо ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд ваъда додааст ки ҳатман ононро дар замин халифа гардонад ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро халифа гардонд»?! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки манзураш ҳамон касоне аз мусалмонон будааст ки ба ҳукумат расиданд, монанди бани Уммая, банӣ Аббос ва касоне ки пас аз онон омаданд, фармуд: Дурӯғ мегӯянд, магр аз онҳо ҷуз Ҷабборонӣ саркаш ба ҳукумат расиданд?! Ҳароина Худованд ваъда додааст касоне аз онҳо ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом додандро халифа гардонд, пас ҳар кас дар инмои худ мушрик шуда ё корӣ ношойист анҷом дода бошад, аз касоне ки Худованд онҳоро халифа гардондааст нест, агарчи ба ҳукумат расад ва халифа номида шавад. [Фақараи 5 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Мансур шунид ки як қорӣ ин сухани Худовандро қироъат мекунад: «Эй Доввуд! Мо туро халифае дар замин қарор додем, пас миёни мардум ба ҳақ ҳукм кун ва аз ҳавои худ пайравӣ накун», пас садои худро боло овард ва фармуд: Гӯш диҳед! Гӯш диҳед! Халифаи Худованд дар замин танҳо касе аст ки миёни мардум ба ҳақ ҳукм мекунад ва аз ҳавои худ пайравӣ намекунад, пас касоне ки иддаъои хилофат мекунанд дар ҳоле ки золим ҳастанд, шуморо фиреб надиҳанд! Сипас садоми худро пойин овард ва фармуд: Ҳароина ин уммат бидуни халифае монанди Доввуд намемонад; Чароки Худованд фармудааст: «Ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро халифа гардонд» ва пеш аз онон Доввудро халифа гардонд. [Фақараи 6 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Ҳақ он аст ки бояд заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи саломро бо имон ба ваъдаи Худованд анҷом дод ва набояд ба сабаби ҷаҳл ба бархӣ ҷузъиёти каммӣ ё кайфии он, дар лозим ва муфид будани он тардид раво дошт ва даъват кунандаи ба сӯӣ онро ба газофагӯӣ муттаҳам намуд. Ба ҳар ҳол, мӯъзали ғиёби Маҳдӣ алайҳи салом мӯъзали печидае аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳоли талош барои ҳалли он ба сурати амалӣ ва майдонӣ аст ва барои ин кори душвор ва нафасгир, дасти кам ба ҳимояти яке аз кишварҳои Исломӣ ва ҳокимони мусалмон ниёз дорад. Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи дарки ин ҳикматҳо ва ҳақоиқи гаронсангеро арзонӣ дорад ва дилҳои ҳокимони мусалмонро барои қабули он нарм гардонад то ҳар чи зудтар замина барои зуҳури оқоямон Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад ва масоъиб ва мӯъзалоти ҷаҳони Ислом поён пазирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоност ва бисёр Бахшанда ва Меҳрабон аст. [Пурсиш ва посухи 10]

Рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчами сиёҳ чаҳор чиз аст: Яккум инки истифода аз парчами сиёҳ, суннат аст; Чароки парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ буд; Чунонки Ибни Аббос ва Бураяда ва Ҷобир ва Оиша ва дигарон инро ривоят кардаанд... Ба илова, парчами Алӣ ибни Абӣ Толиб дар ҷангҳояш низ сиёҳ буд... Бархӣ уламо эҳтимол додаанд ки алоқаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олили ва саллам ба парчами сиёҳ аз боби тафоъул яъне ба фоли нек гирифтан будааст... ва ин баъид нест; Чароки «سُؤْدُد» ба маънои азимат ва маҷд ва шараф аст ва «مُسَوَّد» ба маънои саййид яъне сурур ва солор аст... Ва ривоят шудааст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тафаъулро хуш медошт ва номҳои некуро ба фоли нек мегирифт... Бинобарин, истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ, пайравӣ аз суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва суннати халифаи рошидаш Алӣ ибни Абӣ Толиб алйҳи салом аст ва ин чизи аҷибе нест; Чароки ӯ дар ҳар чизе аз суннати он ду пайравӣ мекунад... Дуввум инки истифода аз парчами сиёҳ, барои мӯъминон дар рӯзе ки ҷамъ мешаванд ва дар роҳи Худованд ҷиҳод мекунанд, судмандтар аст... Севвум инки истифода аз парчами сиёҳ, расмӣ ройиҷ ва мутаъораф миёни касоне аст ки ба мусибати азиме дучор шудаанд... ва муҳтамал аст ки ин, яке аз чизҳойе бошад ки Мансури Ҳошимии Хуросониро ба истифода аз парчамҳои сиёҳ тарғиб кардааст; Зеро ӯ ба мусибати азиме дучор шуда... ва он ғайбати халифаи Худованд дар замин аст... Чаҳорум онки истифода аз парчами сиёҳ, муқобилаи ошкор бо фирқаи золим ва фосиде аст ки «Доъид» ном дорад; Чароки ин фирқа... парчамҳои сиёҳеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати мардӣ гумроҳ ва гомроҳ кунанда ба номи Абу Бакари Бағдодӣ истифода кард. Пас чун Мансури Ҳошимии Хуросонӣ онро дид, Парчамҳоеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ истифода кард то бо ин шева, дар баробари ин инҳирофи бузург ва хатарнок аз масири Ислом бойистад... Ин рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ аст. [Пурсиш ва посухи 9]

Шахсиятгароӣ ба бемории шойеъ ва хатарноке дар миёни мусалмонон табдил шудааст; Зеро онон сухани ҳақро аз касе ки намешиносанд намепазиранд ва сухани ботилро аз касе ки мешиносанд мепазиранд, дар ҳоле ки сухани ҳақ, ҳақ аст агарчи гӯяндааш ношинохта бошад ва сухани ботил, ботил аст агарчи гӯяндааш шинохта бошад. Сухани ҳақ, бо ношинохта будани гӯяндааш ботил ва сухани ботил, бо шинохта будани гӯяндааш ҳақ намешавад, бал ҳар гӯяндае бо чизе ки мегӯяд шинохта мешавад; Агар сухани ӯ ҳақ буд бар ҳақ ва агар сухани ӯ ботил буд, бар ботил аст. Чи бисёр гӯяндае пуровозае ки ботил мегӯяд ва чи бисёр гӯяндаӣ гумноме ки ҳақ! Оё ҳақ будани касе вобаста ба номи ӯст ё аз миллияти ӯ табаъият мекунад ё аз мушаххасоти зоҳирии ӯ асар мепазирад?! Дар ҳоле ки номҳо ановинӣ эътиборӣ ҳастанд ва миллиятҳо таваҳҳумотӣ худбофтаанд ва мушаххасоти зоҳирӣ бо мушаххасоти ботинӣ мулозим нестанд. [Пурсиш ва посухи 18]

Иғвогарони шайтонсифат мекӯшанд чунон кашфӣ тоза ва ҳалле барои як муъаммо, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросониро аз ҳайси ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирӣ мононди дигарон муъаррифӣ кунанд то ба заъми худ, адами ҳаққонияти эшонро ба исбот расонанд; Ғофил аз онки ҳаққонияти ин бузугвор, ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии эшон нест, бал ба андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои холис ва комили эшон аст ва ҳаминҳост ки эшонро аз дигарон мутамойиз месозад; Вагарна ин бузургвор муддаъӣ нест ки фаришта аст ва муддаъӣ нест ки бо дигарон тафовут дорад, балки танҳо даъват кунандае ба сӯӣ оли Муҳаммад ва заминасозе барои зуҳури Маҳдӣ аст ва агар касе аз эшон пайравӣ мекунад бояд бо назар ба ин воқеъият бошад на бо назар ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии эшон, ҳар чанд бо пешгӯйиҳои Исломӣ мутобиқат дошта бошад. [Пурсиш ва посухи 18]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ асилитарин ва асоситарин мушкили ҷаҳони Исломро «Адами ҳокимияти Худованд» бар он медонад ки дар адами ҳокимияти халифаи Ӯ бар он таҷаллӣ ёфтааст; Чароки адами ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон, мусталзими адами шинохт ва татбиқи аҳкоми Ӯ дар он аст ва адами шинохт ва татбиқи аҳкоми Ӯ дар он, мусталзими зуҳури фасод дар хушкӣ ва дарёст... Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки адами ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон, бо ҳокимияти ғайри Ӯ бар он мулозима дорад; Чароки ҷаҳон, муҷтамаъӣ инсонӣ аст ва муҷтамаъӣ инсонӣ ба ҳокимият ниёз дорад ва ба иқтизои ин ниёзи худ, аз ҳокимият холӣ намемонанд ва бо ин васф, агар Худованд бар он ҳукумат накунд, ногузир ғайри Ӯ бар он ҳукм хоҳад ронд, дар ҳоле ки ҳукмронии ғайри Ӯ бар он, мусталзими фасод дар замин ва нобудии табиъат ва наслҳост... Чунонки имрӯз, касоне ҷуз Худованд ки бар ҷаҳон ҳукм меронанд, аз ҳеҷ кӯшише барои ифсод дар он фуругузори намекунанд ва ба наслкушӣ ва вайрон кардани ободиҳо мепардозанд. Чи бисёр занон ва мардони бегуноҳе ки дар оташи ҷангҳои онон месӯзанд ва чи бисёр шаҳрҳо ва деҳаҳои ободе ки дар асари ҳуҷуми онон ба вайрона табдил мешаванд! Ин паёмади қаҳрии ҳокимияти ғайри Худованд бар ҷаҳон аст; Зеро ҷаҳоне ки Худованд бар он ҳукм намеронад, водии иблис аст ва ҷуз ҷаҳл ва куфр ва фасод ва зулм дар он ёфт намешавад. Ин сарнавишти нисоне аст ки ба ҳокимияти ғайри Худованд тан дода ва ҳар кас ба ҳокимияти ғайри Худованд тан бидиҳад, маҳкум ба нобудӣ аст. Ин аст ки оташи ҷангҳои онон хомӯш нахоҳад шуд ва омори фақр ва фалокати онон коҳиш нахоҳад ёфт; Чароки Худованд бар онон ҳукумат намекунад ва ҳукумати онон дар дасти ғайри Ӯст; Балки ҳар рӯз ҷангҳои онон шӯълавартар хоҳад шуд ва омори фақр ва фалокаташон афзоиш хоҳад ёфт; Чароки Худованд ҳокими онон нест ва ҳокими онон тоғут аст. [Пурсиш ва посухи 16]

Чизе ки шумо онро сиёсат меномед ва мӯътақидед ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ фоқиди он аст, ҳамон дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ аст ки дар Ислом ҷойе надорад ва аз ин рӯ, дар сирати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дида намешавад; Ҳамчунонки бархӣ ҳамфикрони шумо дар замони амирул мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб, он ҳазратро низ бо ҳамин истедлоли шумо ба бесиёсатӣ муттаҳам мекарданд ва ба хотири созиш накардан бо золимон ва мунҳарифон, содалувҳ ва бетатбир мепиндоштанд, дар ҳоле ки он ҳазрат аз сиёсат ва татбири лозим бархурдор буд ва танҳо ба сабаби тақво аз дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ ва созиш бо золимон ва мунҳарифон, иҷтиноб мекард. Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дар хатти Ислом ва дар хатти Алӣ ибни Абӣ Толиб аст ва аз хатти онҳо хориҷ намешавад; Ба ин маъно ки барои хушоянди касе ҳаққеро кетмон ва ботилеро изҳор намекунад ва барои ҷалби ҳимояти касе ба тамаллуқ ва чоплусӣ мутавассил намешавад, балки ҳақро ошкор месозад агар чи ҳамаи ҷаҳонро дар баробари эшон қарор диҳад ва ботилро мардуд мешуморад агарчи ҳамаи мардумро аз пиромуни эшон пароканда намояд; Чароки Худованд ва халифаи Ӯ дар замин барои ӯ кифоят мекунанд ва бо вуҷуди он ду аз душмании ҷаҳон ва аҳлаш намеҳаросад. Эшон дил аз дунёи беарзиши шумо гусастааст ва ба чизҳое ки барои шумо бисёр муҳим аст аҳммият намедиҳад; Чароки аз уфуқӣ бисёр болотар аз уфуқи диди шумо ба ҷаҳон менигарад ва аз муъодилотӣ бисёр волотар аз муъодилоти шумо пайравӣ мекунад. Эшон аз ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишваре ба ноҳақ интиқод накарда, балки бар пояи китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбараш интиқод карда ва бо ин васф, эшон решаи ҳамаро назада, балки Худо решаи ҳамаро задааст! [Нақд ва баррасии 9]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз инки инҳирофи ҳамаи гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро бо такя бар яқиниёти Ислом ва муштаракоти мусалмонон ва бо баёнӣ илмӣ ва дилсӯзона тазаккур дода ва умуми ононро бидуни табъиз ва истисно, ба сӯӣ Исломи холис ва комил ва заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд дар замин даъват карда, пушаймон ва шармсор нест; Зеро пушаймонӣ ва шармсорӣ шоистаи касе аст ки бар хилофи китоби Худованд ва суннати Паёмбараш амал карда ва чунин касе аст ки дар дунё ва охират пушаймон ва шармсор аст. Ҳар чанд эшон ҳами гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро ба ҳамроҳӣ бо хеш дар роҳи мубораке ки дар пеш гирифтааст, даъват мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки инсофан ҳамроҳӣ бо эшон дар ин роҳ, барои ҳамаи онҳо мумкин аст ва наҳзати эшон аз чунон вусъате бархурдор аст ки барои ҳамаи онҳо гунҷоиш дорад ва ҳақиқатан ва на иддаоъан мунҳасир ба ҳеҷ як аз онҳо нест ва агар онҳо натавонанд зери парчами эшон бо чунин сояи паҳоваре гирди ҳам ояанд, ҳаргиз зери парчами касе гирди ҳам нахоҳанд омад, вале рӯшан аст ки агар ҳеҷ як аз онҳо ин корро анҷом надиҳанд ва ҳамагӣ дар радди эшон иҷтимоъ кунанд, ба эшон зиёне намерасонанд, балки ба худ зиён мерасонанд ва эшон дар ҳар сурат, «Мансур» ва пирӯзи ин майдон аст; Чароки ҳадафи эшон анҷоми вазифаи ақлӣ ва шаръӣ бо табйини ҳақиқати Ислом аст ва ин ҳадафе аст ки ҳамакнун низ ҳосил шудааст; Чароки паёми эшон бо нашри китоби «Бозгашт ба Ислом» ба некӣ иблоғ гардида ва монанди базри мубораке ба ҳар гӯшаи ин замини паҳновар пошида шудааст ва табиъатан дер ё зуд, дар сарзаминҳои дур ё наздик, яке яке ва дуто дуто ва чандто чандто ҷавона мезанад ва ба рағми ҳамаи душманиҳо ва каҷандешиҳо рушд мекунад ва тавонманд мегардад то ҷойе ки ба шаҷараи таййиба бо аслӣ собот ва фаръӣ дар осмон табдил мешавад ва меваи худро медиҳад. [Нақд ва баррасии 9]

Паёми рӯшан ва калидии ин китоби бузург, бар хилофи бардошти ноқиси шумо, танҳо «Нафӣ дигарон» нест, балки «Исботи Маҳдӣ» ва «Нафӣ дигарон» аст ва ин таҷалии «Ло Илоҳа Илаллоҳ» ва тафсири «Ал байъату Лиллоҳ» аст ки шиъори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва рукни даъвати ӯст. Ҳамаи сухани ин олими муслеҳ ва муҷоҳид он аст ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз барои Аллоҳ нест ва муроди ӯ аз ҳукумати Аллоҳ, бар хилофи муроди сахиф ва нодурусти хавориҷ, адами ҳукумати инсони нест, бал ҳукумати инсоне аст ки Худованд ӯро мансуб карда ва аз тариқи китоби худ ва суннати мутавотири Паёмбараш ё аз тариқи оётӣ баййина, аз интисоби ӯ хабар дода ва ӯ ҳамон «Маҳдӣ» аст ки акнун дар замин вуҷуд дорад, вале ғойиб аст ва иллати ғиёби ӯ, бар хилофи пиндори бештари мардум, ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд нест, бал ирода ва иқдоми ибтидоии мардум аст ки шароъити лози барои ӯро фароҳам накардаанд ва аз ин рӯ, масъули ҳамаи табаъот ва аворизи ношӣ аз ғиёби ӯ ҳастанд, агарчи ин табаъот ва аворизи, «Бунбаст дар уммати охируззамон» талаққӣ шавад; Чароки чунин «Бунбасте» ба «Ислом» нисбат дода намешавад то бо «Камоли» он зиддият дошта бошад, бал ба мардум нисбат дода мешавад ки боъис ва бонии он будаанд; ﴿فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ; «Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо»! [Нақд ва баррасии 16]

Роҳкори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои зуҳур ва ҳокимияти Маҳдӣ, роҳкорӣ ҷомеъ бо абъоди амниятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ аст; Чароки ӯ барои зуҳури Маҳдӣ ба маънои имкони дастрасӣ ба ӯ, вуҷуди шумори кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолиро зарурӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки танҳо иллати адами зуҳури ӯ ба маънои адами дастрасӣ ба ӯро хавфи ӯ аз кушта шудан ё асорат медонад ва мӯътақид аст ки дар сурати тазмини амнияти ӯ тавассути ин шумор аз мусалмонон, зуҳури ӯ ба маънои дастрасӣ ба ӯ ҳатмӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ба иқтизои вуҷуби ақлӣ ва шаръӣ заминасозӣ барои ӯ, дар ҳоли гирдоварии шуморӣ кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолӣ аст ва аз ҳамаи онон монанди шумо, барои ин манзур ёрӣ металабад; Чароки ин олими сиддиқ, зуҳури Маҳдӣ дар сурати тазмини амнияти ӯ, ҳатто дар сурати имкони ҳокимияти ӯ, қатъӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки миёни зуҳури ӯ ва ҳокимияти ӯ мулозимае нест ва зоҳир будани ӯ бидуни ҳокимияти ӯ низ судманд аст; Балки зоҳир будани ӯ, муқаддамае барои ҳокимияти ӯст; Зеро ҳокимияти касе ки зоҳир нест, мушкил аст ва бо ин васф, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, муқаддамаи заминасозӣ барои ҳокимияти ӯст. [Нақд ва баррасии 16]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ заминаи ҳокимияти Маҳдиро иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мардум барои иъонат ва итоъати ӯ медонад ва мӯътақид аст ки ҳаргоҳ ин шумор аз онон, ин иъонат ва итоъатро бар уҳда бигаиранд, қиёми Маҳдӣ барои ҳокимият ҳатмӣ хоҳад буд; Чароки ҳокимият танҳо ҳаққе барои ӯ нест, балки таклифе барои ӯ низ шумурда мешавад, то ҷойе ки агар пас аз ҳусули шароит барои он қиём накунад, шоиста аст ки гарданаш зада шавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки масъули ҳамаи мафосид ва мазолими ҷорӣ дар замин, касе ҷуз ӯ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ҳамзамон бо гирд овардани шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои муҳофизат аз Маҳдӣ, дар ҳоли гирд овардани шуморӣ кофӣ аз онон барои иъонат ва итоъати ӯст ва аз ҳамаи онон монанди шумо, барои ин манзур ёрӣ металабад; Чароки ба назари ин уҷубаи даврон, ҳокимияти Маҳдӣ дар сурати тазмини иъонат ва итоъати ӯ, ҳатмӣ аст ва ин тазмин дар Ислом «Байъат» номида мешавад. Бар ин асос, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, аз мусалмонони ҷаҳон барои Маҳдӣ байъат мегирад; Ба ин маъно ки аз онон таъаҳҳуд мегирад то ҳаргоҳ Маҳдӣ барои онон зоҳир шуд, ӯро иъонат ва итоъат намоянд ва мононди хулафое ки пеш аз ӯ буданд, хизлон ва исён накунанд ва бо ин тақрир, ҳаргоҳ шуморӣ кофӣ аз мусалмонон бо ӯ бар иъонат ва итоъати Маҳдӣ байъат карданд, ҳокимияти он ҳазрат барояшон муҳаққақ мешавад; Ҳамчунонки ҳаргоҳ шуморӣ кофӣ аз онон бо ӯ бар ҳифозат аз Маҳдӣ паймон бастанд, зуҳури он ҳазрат борояшон воқеъ хоҳад шуд. [Нақд ва баррасии 16]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар бахши дигаре аз китоби «Бозгашт ба Ислом» суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро барои ҳамеша мӯътабар ва қобили пайравӣ медонад, вале мӯътақид аст ки дастрасии яқини ба он умдатан барои аҳли замони он ҳазрат мумкин аст ва барои ояндагон мумкин нест. Аз ин рӯ, ояндагон ба марҷаъи дигаре барои яқин ба суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ниёзманданд ва он марҷаъ, халифаи Худованд дар замин аст ки нойиби Паёмбар дар татбиқи аҳкои Худованд шумурда мешавад ва алалқоъида монанди Қуръон ҳамеша дар дастрасии мардум аст. Нависанд пас аз баррасии нусуси қатъии Исломӣ шомили оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо шеваӣ бадеъи ва қонеъ кунанда барои умуми мусалмонон ва бар канор аз ҳар гуна ҷиҳатгирии мазҳабӣ исбот мекунад ки хулафои пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дувоздаҳ тан аз аҳли байти ӯ ҳастанд ки се нафари оғозини онҳо Али, Ҳасан ва Ҳусейн ҳастанд ва охарини онҳо Маҳдӣ аст. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар бахши дигаре аз китоби «Бозгашт ба Ислом»... баррасии ҷойгоҳи Маҳдӣ ва нақши ӯ дар таҳаққуқи ормони Ислом ки адолати ҷаҳонӣ аст мепардозад ва дар ин бора зароъиф ва дақоъиқеро матраҳ мекунад ки комилан бадеъи ва бесобиқа аст. Ба унвони намуна, ӯ бар хилофи дигарон ки пайдойиш ва зуҳури Маҳдиро баста ба ирода ва иқдоми ибтидойии Худованд ва тобеъи ҳикмат ва маслиҳати Ӯ мепиндоранд, онро баста ба ирода ва иқдоми ибтидойии мардум ва тобеъи ихтёр ва омодагии онҳо медонад ва бо сароҳат ва қотеъияти аҷибе мӯътақид аст ки дастрасии онҳо ба Маҳдӣ мумкин аст ва бо ин васф, онҳо бояд танҳо ба ҳифозат, иъонат ва итоъат аз ӯ биандешанд ва набояд худро ба ҳифозат, иъонат ва итоъат аз ғайри ӯ дар ҳар пӯшише ки бошад саргарм созанд. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Ҳошимӣ дар идомаи китоби худ, ба табйини муҳимтарин асли Ислом яъне тавҳид мепардозад ва онро ба се қисм тавҳиди дар таквин, ташриъ ва таҳким ё ҳокимият тақсим мекунад ва ҳар якеро ба тафсил тавзиҳ медиҳад. Сипас ба муъаррифии сойири усули ақойид ва мабонии аҳкоми Ислом мепардозад ва ҳар якеро бо манҳаҷҷӣ мутафовит ва хос, бозтаъриф мекунад ва ба унвони намуна, абвоби ҷадидеро дар бораи закот, ҳаҷ ва ҷиҳод ба рӯӣ аҳли фиқҳ мегушояд ки аз ҳар як абвоби дигаре гушуда мешавад. Ба ин тартиб ӯ бо истинод ба иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ва истешҳод ба нусуни қатъии шаръӣ ки чизе ҷуз оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест, ақойид ва аҳкоми Исломро бозтаъриф мекунад ва қироъати ҷадид ва комилан мутафовитеро аз он ироъа медиҳад ки метавон як мактаб ва идеъоложии Исломӣ шумурда шавад ва инқилоберо дар нигариш ва рӯйкарди мусалмонони ҷаҳон ба вуҷуд овард ва заминасози ваҳдат ва ҳамгароӣ онон дар ояндаи наздик ва таҳавулотӣ азим ва бунёдин дар сохторҳои сиёсӣ ва фарҳангии онон бошад. [Мақолаи 1]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум аз интишори китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бехабаранд ва аз он иттилоъе надоранд. Ин халаъе аст ки бояд бо ҳиммати мусалмонон дар ростои иттилоърасонии ҳарчи бештар аз ин китоби шариф пур шавад, то ҳадде ки рӯзе бирасад ки мусалмоне набошад ки аз китоби «Бозгашт ба Ислом» беиттилоъ бошад ва онро нахонда ва нафаҳмида бошад... Гурӯҳе аз мардум ки китобро дарёфт карда ва хондаанд аммо мушкили онҳо адами фаҳми комил ва саҳиҳи тамом ё бахшҳое аз он аст, аз ин рӯ нисбат ба он беъэтиноӣ мекунанд. Рӯшан аст ки ин масала роҳи ҳалли содае дорад. метавонанд бо муроҷиъа ба пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва муроҷиъа ба бахши шарҳи осор ва ё бахши пурсишҳо ва посухҳо, зимни мутолиъаи шарҳҳоӣ ин китоби шариф ки омода шуда ва бо ҳимояти дигар бародарон ва хоҳарони мусалмон аз ақсоӣ нуқоти олам қобили тавсиъа ба забонҳои дигар аст, ва низ мутолиъаи саволоти мусалмонон дар бораи китоб ва посухҳои пойгоҳ ба эшон, ҳаргуна ибҳоми худро бартараф намоянд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро ба ҳар тариқе дарёфт карда бошанд вале ба аҳмияти он пай набурда бошанд ва ё ба далили машғулаҳои рӯзмара фурсати хондани китоб ва тамаркуз бар рӯӣ онро пайдо накарда бошанд лизо онро дар авлавиятҳои баъдӣ гузошта ё асосан ба канорӣ дур ва маҳҷур ниҳодаанд. Мутаъассифона рӯзмарагиҳо ва мушкилоти ҷории зиндагӣ дарди ҳама гире аст ки аз таваҷҷуҳ ба ҳақиқат бозмедоард. Аммо ба ростӣ агар мардум бидонанд ки роҳи ҳалли ҳамин мушкилоти рӯзмараашон монанди боло рафтани қимати аҷнос, кирояи хонаҳо, мушкилоти таҳсилӣ ва тарбиятии фарзандон, мушкилоти хонаводагӣ ва монанди он, дар китоби Бозгашт ба Ислом навишта шудааст, шояд дар ҳамон буҳбуҳаи рӯзмарагиҳо ва мушкилот ҷое барои хондан ва таъамул дар бораи ин китоб боз кунанд ва нигоҳашон нисбат ба он куллӣ тағйир ёбад ва бо кунҷковӣ ва тезбинии фаровоне онро бихонанд. [Мақолаи 2]