Бародари мӯъмин!
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Худованд ба оғози азоби ситамкорон аз «Рӯзи аввали марг» ишора карда ва фармудааст: ﴿وَلَوْ تَرَى إِذِ الظَّالِمُونَ فِي غَمَرَاتِ الْمَوْتِ وَالْمَلَائِكَةُ بَاسِطُو أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُوا أَنْفُسَكُمُ ۖ الْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ الْهُونِ بِمَا كُنْتُمْ تَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ وَكُنْتُمْ عَنْ آيَاتِهِ تَسْتَكْبِرُونَ﴾; «Агар ситамкоронро дар сахтиҳои марг бибинӣ дар ҳоле ки фариштагон дастҳои худро фароз овардаанд ва (ба онон мегӯянд:) ҷонҳотонро берун оваред! Имрӯз ба хотири чизе ки ба ноҳақ дар бораи Худованд мегуфтед ва дар баробари оёти Ӯ такаббур мекардед азоби хореро кайфар дода мешавед»; Ҳамчунонки ба муҳосибаи аъмоли ҳамагон пас аз марг ишора карда ва фармудааст: ﴿قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾; «Бигӯ ҳароина марге ки аз он мегурезед ҳамоно он ба шумо мерасад, сипас ба сӯӣ олими пинҳон ва пайдо бозгардонда мешавед, пас Ӯ шуморо аз амале ки анҷом медиҳед огоҳ мекунад» Ва ин бино бар ривоёти мутваотир ва машҳур, ба воситаи ду фаришта анҷом мешавад ки дар қабр ба суроғи инсон меоянд ва аз ӯ дар бораи Худо ва Паёмбараш мепурсанд ва ӯро аз ҷойгоҳаш дар охират огоҳ мекунанд; Ҳамчунонки аз ӯ дар бораи имомаш мепурсанд; Чароки дар рӯзи қиёмат ба ҳамроҳи имомаш фаро хонда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَوْمَ نَدْعُو كُلَّ أُنَاسٍ بِإِمَامِهِمْ﴾; «Рӯзе ки ҳар гурӯҳеро бо имомаш фаро мехонем»! Ба ин тартиб, азоби ситамкорон аз рӯзи аввали марг ва пас аз муҳосибаи аъмоли солеҳи онон ки ҳамоно эътиқодоти онон аст оғоз мешавад ва табъан подоши некукорон низ ба ҳамин тартиб оғоз мешавад; Чунонки абди солеҳи Худо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар зимини хутбае фармудааст:
«Ҳангоме ки мӯъминро дар гӯр мениҳанд метарсад; Пас Худо бӯи Биҳиштро ба машоми ӯ мерасонад то бадон ором гирад ва агар касе бӯи биҳиштро дар наёбад барои ӯ хайр хоста нашудааст. Сипас ҳеҷ чиз барои мӯъмин хушояндтар аз ин нахоҳад буд ки дӯстони Худоро дар канори худ меёбад ва ба онон унс мегирад. Онгоҳ пас аз даранге ки аз он гузире нест, дарӣ аз дарҳои Биҳишт ба рӯӣ ӯ гушуда мешавад, пас ӯ монанди домоде ки ба ҳаҷлаи арӯс дохил шавад, дар миёни дӯстони Худо ба Биҳишт дохил ва дидааш ба офоқи он рӯшан мегардад. Дар ин ҳангом бархӣ аз касоне ки бо ӯ ҳастанд мегӯянд: Вогузоридаш то худро бозёбад; Чароки ӯ аз дунё меояд. Пас вай дар сояи дарахте ё бар канори руде ё бар фарози тахте ё дар бархӣ хонаҳо менишинад ва барои ӯ чизе меоваранд то бихурад ва биёшомад ва чашмаш рӯшан бошад ва хастагии маргро бизудояд. Онгоҳ ба оромӣ дӯстони шойиста ва хешони некукори ӯ ки пештар аз дунё рафтаанд бар вай ворид мешаванд ва хушомадаш мегӯянд ва ӯ ба дидори онон ва онон ба дидори ӯ масрур мегарданд. Пас чунон мепиндорад ки аз сафаре бозомада ё аз хоби кӯтоҳе бархостааст. Сипас ӯро ба дидори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мужда медиҳанд ва бидуни мужда суруре дар ӯ ворид мешавад ки монанди он дар ӯ ворид нашуда бошад. Пас вай ба зиёрати он Ҳазрат ва ба зиёрати хулафоъи ӯ меравад ва мавриди инояти онон қарор мегирад. Онгоҳ ӯро дар Биҳиште ки Парвардигори меҳрубон вежаи ӯ сохтааст сокин мекунанд ва аз неъматҳои бепоёни он баҳраманд месозанд».
2 . Аз ривоёти мутавотир ва машҳур дониста мешавад ки инсон дар қабр таҳти фишор қарор мегирад ва он фишоре барои руҳи ӯст ки баста ба хубӣ ва бадии аъмолаш, шиддат ва заъф дорад ва табъан бо таваҷҷуҳ ба инки камтар касе аъмоли баде надоштааст, камтар касе аз он раҳойи меёбад; То ҷойе ки ривоят шудааст ҳатто касе монанди Саъд ибни Мӯъози ансорӣ саҳобии бузурги Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз он раҳойи наёфт ва ин дар ҳоле буд ки ҳафтод ҳазор фаришта дар ташйиъи ҷанозааш ҳузур ёфтанд. Лизо аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لَوْ نَجا أَحَدٌ مِنْ ضَغْطَةِ الْقَبْرِ لَنَجا سَعْدُ بْنُ مُعاذٍ»; «Агар аҳаде аз фишори қаб раҳойи меёфт, ҳароина Саъд ибни Муъоз раҳойи меёфт»! Бо ин ҳол, тардиде нест ки ислоҳи ақойид ва аъмол аз фишори қабр мекоҳад ва Худованд бо мӯъминон меҳрубон аст; Чунонки фармудааст: ﴿مَا يَفْعَلُ اللَّهُ بِعَذَابِكُمْ إِنْ شَكَرْتُمْ وَآمَنْتُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ شَاكِرًا عَلِيمًا﴾; «Худованд ба азоби шумо чи кор дорад агар шумо шукр бигзоред ва имон оваред?! Ва Худованд қадршиносӣ доност».
3 . Инсон пас аз марг баста ба роҳу равише ки дар зиндагии дунё доштааст ба яке аз се гурӯҳ мулҳақ мешавад; Муқаррабон, асҳоби рост ва асҳоби чап; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَلَوْلَا إِذَا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ وَأَنْتُمْ حِينَئِذٍ تَنْظُرُونَ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْكُمْ وَلَكِنْ لَا تُبْصِرُونَ فَلَوْلَا إِنْ كُنْتُمْ غَيْرَ مَدِينِينَ تَرْجِعُونَهَا إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ فَأَمَّا إِنْ كَانَ مِنَ الْمُقَرَّبِينَ فَرَوْحٌ وَرَيْحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ وَأَمَّا إِنْ كَانَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ فَسَلَامٌ لَكَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ وَأَمَّا إِنْ كَانَ مِنَ الْمُكَذِّبِينَ الضَّالِّينَ فَنُزُلٌ مِنْ حَمِيمٍ وَتَصْلِيَةُ جَحِيمٍ﴾; «Пас чаро ҳангоме ки ҷон ба гулӯ мерасад ва шумо он ҳангом назора мекунед ва мо ба ӯ аз шумо наздиктарем, вале намебинед! Пас чаро агар шумо ҷазо дода намешавед, ӯро боз намегардонед агар рост мегӯйед?! Пас агар ӯ аз муқаррабон бошад, барои ӯ осойиш ва хуррамӣ ва Биҳиштӣ пурнеъмат аст ва агар ӯ аз асҳоби рост бошад, саломе барои ту аз асҳоби рост аст ва агар аз такзиб кунандагони гумроҳ бошад, барои ӯ пешкаше аст оби ҷӯшон ва расонданӣ ба Дӯзах аст»! Бинобарин, пас аз марг, муқаррабон дар дараҷаи болотар ва асҳоби рост дар дараҷаи поёнтар аз Биҳишт ва асҳоби чап дар Дӯзах сокин мешаванд ва он масканӣ муваққати барои онон аст ки ба таносуби ақойид ва аъмоли аслишон барояшон сохта шудааст то рӯзи қиёмат ки ба аҷсоди худ боз мегарданд ва дар бораи ҳамаи ақойид ва аъмолашон муъохиза мешаванд ва муздҳои худро ба таври комил дарёфт мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ﴾; «Ҳар касе чашандаи марг аст ва танҳо муздҳои худро дар рӯзи қиёмат ба таври комил дода мешавед».
Оре, ривоёти фаровоне дар манобеъи суннӣ ва шиъа бо ин мазмун расидааст ки арвоҳи дӯзахиён дар водии хушке наздик ба Яман ба номи «Бараҳут» гирд меоваранд; Ҳамчунонки ривоёте дар манобеъи шиъа дар бораи гирд овардани арвоҳи биҳиштиён дар водии Ал-Салом Куфа расидааст Ва ин метавонад ба маънои он бошад ки эҳтимолан дарвозаи вуруди дӯзахиён ба Дӯзах пеш аз қиёмат, водии Бараҳут ва дарвозаи вуруди биҳиштиён ба Биҳишт пеш аз қиёмат, водии Ал-Салом аст.
4 . Арвоҳи биҳиштиён ба арвоҳи наздикони худ аз аҳли биҳишт, мулҳақ мешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَاتَّبَعَتْهُمْ ذُرِّيَّتُهُمْ بِإِيمَانٍ أَلْحَقْنَا بِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ﴾; «Ва касоне ки имон оварданд ва фарзандонашон ононро дар имон пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онон мулҳақ мекунем» Ва фармудааст: ﴿جَنَّاتُ عَدْنٍ يَدْخُلُونَهَا وَمَنْ صَلَحَ مِنْ آبَائِهِمْ وَأَزْوَاجِهِمْ وَذُرِّيَّاتِهِمْ﴾; «Биҳиштҳои адно ки онон ва ҳар кас аз падарон ва ҳамсарон ва фарзандонашон ки солеҳ бошанд ба он дохил мешаванд» Ва фармудааст: ﴿رَبَّنَا وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدْتَهُمْ وَمَنْ صَلَحَ مِنْ آبَائِهِمْ وَأَزْوَاجِهِمْ وَذُرِّيَّاتِهِمْ﴾; «Парвардигоро! Онон ва ҳар кас аз падарон ва ҳамсарон ва фарзандонашон ки солеҳ астро ба биҳиштҳои адно ки ваъдаяшон додӣ дохил кун» Ва фармудааст: ﴿فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا وَيَنْقَلِبُ إِلَى أَهْلِهِ مَسْرُورًا﴾; «Пас ҳар касе ки китобаш ба дасти рост дода шавад, ба зудӣ муҳосибаи осон мешавад ва шодмон ба сӯӣ хонаводааш боз мегардад» Ва ин дар ҳоле аст ки дигарон аз надзикони худ мегурезанд ва дурӣ меҷӯянд; Чунокни Худованд фармудааст: ﴿يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ﴾; «Рӯзе ки инсон аз бародараш мегурезад ва аз модар ва падараш ва аз ҳамсар ва фарзандонаш! Ҳар кас дар он рӯз коре дорад ки ӯро машғул месозад»!
5 . Арвоҳи биҳиштиён орзу доранд ки зиндагонро аз ҳоли худ огоҳ созанд, вале ин ғолибан муяссар намешавад; Чароки бар хилофи маслиҳат ва ҳикмати Худованд аст; Чунонки дар бораи мӯъмини сураи Ёсин фармудааст: ﴿قِيلَ ادْخُلِ الْجَنَّةَ ۖ قَالَ يَا لَيْتَ قَوْمِي يَعْلَمُونَ بِمَا غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُكْرَمِينَ﴾; «Гуфта шуд ки ба Биҳишт дохил шав! Гуфт: Эй кош қавми ман медонистанд ки Парвардигорам манро омӯрзид ва аз гироми дошта шудагон қарор дод» Ва дар бораи ҳалок шудагон фармудааст: ﴿فَلَا يَسْتَطِيعُونَ تَوْصِيَةً وَلَا إِلَى أَهْلِهِمْ يَرْجِعُونَ﴾; «Пас на метавонанд тавсиа кунанд ва на ба сӯӣ хонаводаи худ боз мегарданд»!
Худованд руҳи шумо бародари мӯъминро ба шинохти Ислом ва талош барои иқомаи он дар ҷаҳон муваффақ кунад ва ба арвоҳи биҳиштиёне ки чи басо дар водии Ал-Салом мунтазиратон ҳастанд, мулҳақ фармояд.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо